Низомномаи баргузории Викторинаи “Меломания” (“Мусиқидӯстдорӣ”)

Моддаи 1 – ШАРОИТИ УМУМӢ

ҶДММ “ЮНИФАН”, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ба қайд гирифта шудааст, дар шахсияти Директор Субҳонова Нигора Фирӯзовна, ки дар асоси Оиннома амал мекунад ва аз ин пас “Провайдер” номида мешавад ва ҶСП “Индиго Тоҷикистон”, дар шахсияти директории Генаралӣ ҶСП «Индиго Тоҷикистон» Давлатшоев Озодхон Сайфуллохонович, ки дар асоси Ваколатномаи Хадамоти Алоқаи назди Ҳукумати ҶТ №16-357-ҶТ аз 27.07.2016с. амал мекунад ва аз ин пас «Оператор» номида мешавад, ки аз ин пас дар матн ҳамчун “Тарафҳо” ва “Тараф” ном бурда мешаванд, Низомномаи мазкур оид ба тартиб, шароит ва қоидаҳои баргузории Викторинаро барои муштариёни алоқаи мобилӣ дар стандарти GSM ҶСП “Индиго Таджикистан” дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода, онро тасдиқ намуданд.

1.1. Давраи баргузории Викторинаи “Меломания” (аз ин пас – Викторина) як моҳи тақвимӣ бо имконияти ба таври автоматикӣ тамдид намудани он мебошад. Санаи оғози баргузории Викторина 09.04.2019с. мебошад

1.2. Викторина фақат барои муштариёни алоқаи мобилии ҶСП “Индиго Тоҷикистон” гузаронида мешавад.

1.3. Викторина хизматрасонии иловагии алоқа бо ҷанбаи дилхушиву саргармие буда, барои муштариёне, ки бо рақамҳои 303 ва 0303 тамос гирифтаанд, имкон медиҳад фазилату пурдонии худро бо муайян намудани иҷрокунандагони асарҳои мусиқӣ бисанҷанд.

1.4. Викторина лотерея, лотереяи ҳавасмандкунанда ё қиморбозие нест, ки бар риску таваккал асос ёфта бошад, зеро бозии фонди ҷоизаҳои Викторина бар усули тасодуф асос намеёбад.

1.5. Иштирок дар Викторина аз роҳи анҷом додани зангҳои овозӣ тавассути муштариёни Оператор аз телефонҳои мобилӣ анҷом мегирад.

1.6. Рақамҳои кӯтоҳ барои анҷом додани зангҳо дар доираи Викторина – 303 ва 0303 аст

• Нархи як дақиқаи занг ба рақами кӯтоҳи 303 барои ҳамаи муштариёни алоқаи мобилии ҶСП “Индиго Тоҷикистон” баробари 0,00 сомонӣ (бо дарназардошти ААИ) мебошад.

• Нархи як дақиқаи занг ба рақами кӯтоҳи 0303 барои ҳамаи муштариёни алоқаи мобилии ҶСП “Индиго Тоҷикистон” баробари 3,00 сомонӣ (бо дарназардошти ААИ) мебошад.

1.7. Воқеияти ба қайд гирифтан ҷиҳати иштирок дар Викторинаро ин маврид тасдиқ мекунад, ки иштирокчӣ бо тамоми шароитҳои ин Низомнома ба таври муносибу лозима шинос шуда, онҳоро фаҳмидааст ва бо онҳо розӣ аст.

1.8. Давомнокии умумии зангҳо дар рӯз тавассути ҳар як иштирокчӣ бо меъёри шабонарӯзӣ маҳдуд шудааст.

Моддаи 2 – ТАЪРИФҲО ВА МАФҲУМҲОИ НИЗОМНОМА

2.1. Провайдер – ширкате, ки Викторинаро дар асоси шартномаҳои дахлдор бо Оператор баргузор менамояд.

2.2. Викторина – бозие, ки фақат рӯи қобилиятҳои зеҳнии иштирокчиён бе ягон пинҳонӣ гуфтан ё иттилооти иловагӣ асос ёфта, аз роҳи зангҳои овозӣ анҷом мегирад, ки дар доираи он муштариёни Оператор имкон пайдо мекунанд, ки ба саволҳои гуногуни Викторина посух диҳанд, хол бигиранд ва барои ҷоизаҳои Викторина довталабӣ кунанд.

2.3. Иштирокчии Викторина – шахси воқеии мукаллаф, ки ба синни 18 (ҳаждаҳ) расидааст, резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муштарии Оператор мебошад, ки хоҳиш намудааст дар Викторина ширкат варзад. Иштирок дар Викторина ба воситаи зангҳои баромад ба рақамҳои Викторина – 303 ва 0303 анҷом мегирад.

2.4. Занги Викторина – ҳама гуна зангҳои телефоние, ки тавассути муштарӣ дар шабакаи Оператори ҶСП “Индиго Тоҷикистон” ба рақамҳои кӯтоҳи 303 ва 0303 анҷом гирифтааст.

2.5. Обунашавӣ барои хизматгузорӣ – дастрасӣ барои иштирок дар Викторина бо пардохти ҳамарӯза ба андозаи 0,80 сомонӣ бо дарназардошти ААИ. Ҳангоми пайвастшавии якум давраи ройгон барои иштирок дар Викторина – 24 соат пешниҳод мегардад. Баъд аз тамом шудани давраи ройгон, ба таври автоматикӣ давраи пулакӣ оғоз меёбад.

2.6. Холҳо – воҳидҳои маҷозӣ ё виртуалие, ки ба ҳисоби маҷозии муштарӣ, ки ба воситаи рақами телефонии GSM мушаххас гардидааст, гузаронда мешаванд. Нишондиҳандаи ягонаи ин ҳисоби маҷозӣ рақами телефонии GSM мебошад, ки аз он зангҳои овозӣ ба рақамҳои кӯтоҳи 303 ва 0303 дар давраи баргузории Викторина анҷом мегиранд.

2.7. Саволи Викторина – мазмуни савол ва вариантҳои посухҳо ба ин савол, ки ба муштарӣ барои шиносоӣ ва истифода ба воситаи зангҳо ба рақамҳои кӯтоҳи 303 ва 0303 пешниҳод мегарданд.

2.8. Посухи Викторина – мазмуне, ки варианти посух ба саволи Викторина мебошад, ки барои интихоб ба Муштарӣ дар якчанд вариантҳо дар ҷараёни зангҳо ба рақамҳои кӯтоҳи 303 ва 0303 пешниҳод шудааст. Яке аз вариантҳои пешниҳодшудаи посух ба Муштарӣ ҳамчун дуруст ба қайд гирифта шудааст. Баъд аз интихоби дилхоҳ варианти пешниҳодшудаи посух муштарӣ огоҳ хоҳад шуд, ки варианти дуруст ё нодурусти посухро дар ҷараёни иштирок дар Викторина интихоб намудааст.

2.9. Ғолиби Викторина – Иштирокчии Викторина, ки амалҳояшро дақиқан тибқи шароит ва пайдарҳамии муқарраршуда дар Низомномаи мазкур анҷом дода, дар давоми шабонарӯз ё моҳи бозии Викторина бештарин миқдори холҳоро ба даст овардааст.

2.10. Давраи тақвимӣ – моҳи тақвимӣ.

2.11. Меъёри шабонарӯзӣ – маҳдудияте, ки Провайдер ба давомнокии ҳаррӯзаи зангҳо ба рақамҳои кӯтоҳи 303 ва 0303 барои ҳар як иштирокчии Викторина ҷорӣ намудааст, чунин аст:

• Рақами кӯтоҳи 303 – 120 дақиқа/рӯз

• Рақами кӯтоҳи 0303 – маҳдудият надорад.

Моддаи 3 – ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ВИКТОРИНА

3.1. Барои иштирок дар Викторина Муштарӣ бояд ба хизматрасонии Викторинаи “Меломания” обунаро фаъол созад. Фаъолсозии обуна метавонад аз роҳи занг задан ба яке аз рақамҳои кӯтоҳи 303 ё 0303 бо пайравӣ аз дастурҳои иттилоъдиҳандаи автоматикӣ ва ё бо роҳи равон кардани USSD-коди пайвасткунӣ *303#, анҷом гирад.

3.2. Нархи обуна барои хизматрасонии Викторина баробари 0,80 сомонӣ бо дарназардошти ААИ дар як рӯз мебошад.

3.3. Барои қатъ намудани обуна ба хизматрасонии Викторина ва даст кашидан аз иштирок дар Викторина бояд ба рақами сервисии Викторина 303 занг зада, дар менюи овозӣ банди “Идоракунии обуна” интихоб гардад ва обуна қатъ карда шавад ва ё бо роҳи равон кардани USSD-коди хомушкунӣ *303*0#, қатъ карда шавад.

3.4. Викторина ду мусобиқаро дар бар мегирад – стандартӣ ва подошӣ, ки мутаносибан дар рақамҳои Викторина: 303 ва 0303 баргузор мешавад. Иштирокчие, ки ба хизматрасонии Викторина обуна шудааст, метавонад дар дилхоҳ аз ин мусобиқаҳо бо хоҳиши худ ширкат варзад. Ба Муштариёне, ки ба хизматрасонӣ обуна нашудаанд, дастрасӣ ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои стандартӣ ва подошӣ пешниҳод намегардад.

3.5. Ба рақами мусобиқаи стандартии Викторина – 303 баъд аз фаъолсозии обуна ба хизматрасонии Викторина занг зада, муштарӣ порчае аз оҳангҳоро гӯш мекунад. Вазифаи муштарӣ – бо такя бар донишҳои худ зимни пахш намудани тугмаи муайян дар телефон бо варианти дурусти посух ишора кардани иҷрокунанда аст. Нархи занг ба рақами Викторина – 303 баробари 0,00 сомонӣ аст. Барои посухи дуруст Муштарӣ соҳиби 5 хол мегардад. Алгоритми ҳисобкунии холҳо барои тамоми Иштирокчиён ягона аст.

3.6. Бо занг задан ба рақами мусобиқаи подошии Викторина – 0303 баъд аз фаъолсозии обуна ба хизматрасонии Викторина, муштарӣ қисмате аз оҳангҳоро гӯш мекунад. Вазифаи муштарӣ – бо такя бар донишҳои худ зимни пахш намудани тугмаи муайян дар телефон бо варианти дурусти посух ишора кардани номи оҳанг аст. Нархи занг ба рақами Викторина – 0303 баробари 3,00 сомонӣ барои як дақиқа мебошад. Барои посухи дуруст Иштирокчӣ соҳиби 50 хол мегардад. Алгоритми ҳисобкунии холҳо барои тамоми Иштирокчиён ягона аст.

Моддаи 4 – МУАЙЯН НАМУДАНИ ҒОЛИБ ВА ДОДАНИ ҶОИЗАҲО

4.1. Ҳангоми муайян намудани ғолибони Викторина маълумотҳои объективие, ки дар платформаи Провайдер оиди миқдори холҳое, ки иштирокчиён барои посухҳои дуруст ба даст овардаанд, истифода мегардад. Усули ба таври тасодуф муайян намудани ғолибон дар Викторина истифода намешавад.

4.2. Ғолибони Викторина Иштирокчиёне эътироф карда мешаванд, ки дар ҷараёни баргузории Викторина дар давраи муайяни замон бештарин миқдори холҳоро соҳиб шуда, дар лаҳзаи ҳисобкунии холҳо ва муайян намудани ғолиб барои хизматрасонии Викторина обунаи фаъол доранд. Агар якчанд муштариён соҳиби холҳои баробар шуда бошанд, ғолиб муштарие ҳисобида мешавад, ки дар вақти камтар хол ба даст овардааст (вақти сарфшуда аз посухи якуми муштарӣ то охирин посух дар назар гирифта мешавад). Ҳангоми қатъ намудани обуна ба хизматрасонии Викторина тамоми холҳо ба таври автоматикӣ бекор карда мешаванд.

4.3. Муайян намудани Ғолиби рӯзи ҷории Викторина ҳамарӯза дар давраи баргузории Викторина ба ҳолати 23:59:59 анҷом мегирад. Дар охирон рӯзи моҳ ҷоизаи ҳаррӯза аз санаи оғози Викторина бозӣ карда намешавад. Ғолиби рӯзи ҷорӣ Иштирокчие эътироф мегардад, ки бештарин миқдори холҳоро ба даст оварда, дар лаҳзаи ҳисобкунии холҳо ва муайян намудани ғолиб дар рӯзи муайян намудани Ғолиб ба ҳолати 23:59:59 барои хизматрасонии Викторина обунаи фаъол дорад. Ғолиби рӯзи ҷорӣ соҳиби ҷоиза ба андозаи 100 (сад) сомонӣ ба тавозуни телефони мобилие мегардад, ки иштирок дар Викторина аз он анҷом гирифтааст.

4.4. Муайян намудани Ғолиби моҳ аз рӯи натиҷаҳои ҳар як рӯзи охирини тақвимии моҳ аз санаи роҳандозии Викторина ба ҳолати 23:59:59 анҷом мегирад. Ғолиб Иштирокчие эътироф карда мешавад, ки аз рӯи натиҷаҳои давраи тақвимӣ бештарин миқдори холҳоро ба даст оварда, дар лаҳзаи ҳисобкунии холҳо ва муайян намудани ғолиб дар рӯзи муайян намудани Ғолиб ба ҳолати 23:59:59 барои хизматрасонии Викторина обунаи фаъол дорад. Ғолиби моҳ соҳиби ҷоиза – смартфон мегардад (истеҳсолкунанда ва модели ҷоиза қаблан дар оғози ҳар як марҳилаи нав муқаррар карда мешавад).
Апрел 2019 – мукофоти моҳ Samsung Galaxy S9

4.5. Дар давраи баргузории Викторина Иштирокчӣ метавонад ғолиб эътироф гардида, чунин бурдҳоро ба даст оварад:

• Ҷоизаи ҳаррӯза – ҳадди аксар 3 бор дар давоми 30 рӯз;

• Ҷоизаи ҳармоҳа – ҳадди аксар 1 бор дар давоми 90 рӯз.

4.6. Ҷоизаҳои пулии ҳаррӯза (100 сомонӣ) ба ҳисоби мобилии Иштирокчиён ба рақамҳои SIM-кортҳое, ки аз он Иштирокчиён барои иштирок дар Викторина обунаро фаъол намудаанд, дар муддати 5 рӯз аз лаҳзаи муайян кардани ғолиб гузаронда мешаванд.

4.7. Ҷоизаи моҳ дар муддати 30 рӯзи тақвимии баъд аз моҳи тақвимии меомада, ки дар он ҷоиза бурд шудааст, супорида мешавад. Ҷоиза ба шарти аз ҷониби Ғолиб пешниҳод намудани шаҳодатномаи шахсӣ ва SIM-корт бо SMS-и тасдиқкунандаи бурд дода мешавад. Пардохти ҷоизаи ҳармоҳа ба шакли пулӣ анҷом намегирад. Ҷоиза ба ҳудуди кишварҳои хориҷа бурда расонда намешавад.

Моддаи 5 – МАҲДУДИЯТҲО

5.1. Дар Викторина кормандон ва намояндагони Провайдер, Оператор ва ширкатҳое, ки дар баргузории Викторина мусоидати техникӣ менамоянд ва ҳамчунин аъзоёни оилаи чунин кормандон ва намояндагони ширкатҳо наметавонанд иштирок намоянд.

5.2. Ҳангоми иштирок дар Викторина барои Иштирокчиён истифодаи намудани воситаву василаҳои зерин мамнӯъ мебошад:

• Ҳар гуна таҷҳизот, ғайр аз дастгоҳи муштарӣ бо SIM-корти Ташкилкунанда, ки телефони мобилӣ (аз ин пас дар матн – “Телефони мобилӣ”) мебошад;

• Ҳар гуна воситаҳои барномавӣ, аз он чумла онҳое, ки дар Телефони мобилӣ насб шудаанд, ғайр аз воситаҳои барномавие, ки тавассути Провайдер коркард шудаанд;

• Воситаҳои барномавии тавассути Провайдер коркардшуда, ки барои иштирок дар Викторина пешбинӣ шуда, бо ҳар гуна роҳу равиш тағйир дода шудаанд, аз он ҷумла ба воситаи дахолат ба рамзи барномавӣ;

• Ҳар гуна равишҳо ва воситаҳои автоматикунонии ҷараёни иштирок дар Викторина, ки аз рӯи маълумотҳои системаи техникӣ, ки тавассути Провайдер барои ҳуҷҷатнок кардани Викторина (логҳо) истифода мешавад, муайян карда мешавад. Маълумотҳои системаи техникӣ қатъиву ниҳоӣ эътироф гардида, наметавонанд аз тарафи Иштирокчӣ мавриди баҳс қарор гиранд. Аломатҳои автоматикунонии иштирок дар Викторина қонуниятҳои ошкоршуда дар даврияти посухҳо, ирсоли посух ба савол дар давоми камтар аз 5 (панҷ) сония ва аломатҳои дигар мебошанд.

5.3. Иштирокчиёне, ки ҷавобгӯи талаботҳои дар боло зикршуда намебошанд, ҳуқуқи иштирок дар Викторина ва ҳуқуқи соҳиб шудан ба ҷоизаҳоро надоранд.

Моддаи 6 – МАҲДУДСОЗИИ МАСЪУЛИЯТИ ОПЕРАТОРИ АЛОҚАИ ТЕЛЕФОНӢ

6.1. Оператори алоқаи мобилӣ ташкилкунандаи Викторина намебошад ва дар бобати амалҳои Провайдер ва ҳар гуна оқибатҳои чунин амалҳо, ки ба таври мустақим ё ғайримустақим ба шахсони сеюм дахл доранд, ҳеҷ гуна масъулияте бар дӯш надорад.

6.2. Ба рақами кӯтоҳи 303 ё 0303 занг зада, Иштирокчӣ ба Оператор ваколат медиҳад ва ризояти худро барои тавассути Оператор ба Провайдер пешниҳод намудани иттилооти шахсии Иштирокчӣ, яъне: рақами телефон, ки аз он Занг анҷом гирифт, сана ва замони баргузории онро тасдиқ менамояд.

6.3. Иштирок дар доираи Викторина амали ихтиёрии муштарӣ мебошад. Иштирокчӣ бобати ҳар гуна оқибати иштироки худ дар Викторинаро ба зиммаи худ мегирад.

6.4. Тамоми масъалаҳо ва даъвоҳои вобаста ба баргузории Викторина аз ҷониби Оператор ба Провайдер фиристода мешаванд.

6.5. Оператор имконияти анҷом додани зангҳои овозиро фақат дар минтақаи пӯшиши шабакаи Оператор фароҳам меоварад.

6.6. Бо иштирок дар Викторина Иштирокчӣ пазируфтани шароитҳои маҳдудсозии масъулияти Операторро тасдиқ менамояд.

————————————————–

Регламент проведения Викторины «Меломания»

Настоящий Регламент разъясняет принцип проведения Викторины «Меломания» посредством голосовых звонков, а также, определяет порядок проведения данного конкурса и правила участия.

Статья 1 – ОБЩИЕ УСЛОВИЯ

ООО «ЮНИФАН», созданное и зарегистрированное в соответствии с законодательством Республики Таджикистан, в лице Директора Субхоновой Нигоры Фирузовны, действующей на основании Устава, именуемое в дальнейшем «Провайдер» и ЗАО «Индиго Таджикистан», созданное и зарегистрированное в соответствии с законодательством Республики Таджикистан, в лице Генерального директора ЗАО «Индиго Таджикистан» Давлатшоев Озодхон Сайфуллохонович, действующего на основании Устава и Лицензии Службы связи при Правительстве РТ №16-357-ҶТ от 27.07.2016г, именуемое в дальнейшем «Оператор» по тексту как «Стороны» и «Сторона», составили и утвердили настоящий Регламент о порядке, условиях и правилах проведения викторины для абонентов оператора мобильной связи в стандарте GSM ЗАО «Индиго Таджикистан» на территории Республики Таджикистан.

1.1. Период проведения Викторины “Меломания” (далее – Викторина) один календарный месяц с возможностью автоматического продления. Дата начала проведения Викторины 09.04.2019 г.

1.2. Викторина проводится исключительно для абонентов Оператора сотовой связи ЗАО «Индиго Таджикистан».

1.3. Викторина является дополнительной услугой связи развлекательного характера, которая позволяет абонентам, дозвонившись на номера Викторины 303 и 0303, проверить свою эрудицию, определяя исполнителей музыкальных композиций.

1.4. Викторина не является лотереей, стимулирующей лотереей либо иной основанной на риске азартной игрой, поскольку розыгрыш призового фонда Викторины не основан на принципе случайности.

1.5. Участие в Викторине происходит посредством осуществления голосовых звонков абонентами Оператора с мобильного телефона.

1.6. Короткие номера для осуществления звонков в рамках викторины – 303 и 0303:

• Стоимость одной минуты звонка на короткий номер 303 составляет 0,00 сомони для всех абонентов сотовой связи ЗАО «Индиго Таджикистан».

• Стоимость одной минуты звонка на короткий номер 0303 составляет 3,00 сомони (включая НДС) для всех абонентов сотовой связи ЗАО «Индиго Таджикистан».

1.7. Факт регистрации для участия в Викторине подтверждает то, что участник ознакомился надлежащим образом, понял и согласен со всеми условиями данного Регламента.

1.8. Общая длительность звонков в день каждым участником ограничена суточным лимитом.

Статья 2 – ОПРЕДЕЛЕНИЯ РЕГЛАМЕНТА

2.1. Провайдер – компания, проводящая Викторину, на основании соответствующих договоров с Оператором.

2.2. Викторина – игра, основанная исключительно на интеллектуальных способностях участников, без каких-либо подсказок или дополнительной информации, проводимая посредством голосовых звонков, в рамках которой абоненты Оператора получают возможность отвечать на различные вопросы Викторины, набирать баллы и претендовать на призы Викторины.

2.3. Участник Викторины – дееспособное физическое лицо, достигшее возраста 18 (восемнадцати) лет, являющееся резидентом Республики Таджикистан и абонентом Оператора, изъявившее желание участвовать в Викторине. Участие в Викторине осуществляется посредством исходящих звонков на номера Викторины 303 и 0303.

2.4. Звонок Викторины – любой телефонный звонок, осуществленный абонентом в сети Оператора ЗАО «Индиго Таджикистан», на короткие номера 303 и 0303.

2.5. Подписка на сервис – Доступ для участия в Викторине с ежедневной оплатой в размере 0.80 сомони включая НДС. При первом подключении предоставляется бесплатный период участия в Викторине – 24 часа. По истечении бесплатного периода автоматически начинается платный период.

2.6. Баллы – виртуальные единицы, которые будут начисляться на виртуальный счёт абонента, идентифицированный посредством телефонного номера GSM. Единственным показателем этого виртуального счёта является телефонный номер GSM, с которого будут осуществляться телефонные голосовые звонки на короткие номера 303 и 0303 в период проведения Викторины.

2.7. Вопрос Викторины – содержание вопроса и варианты ответов на этот вопрос, которые предоставляются абоненту для ознакомления и использования, посредством звонков на короткие номера 303 и 0303 в период проведения Викторины.

2.8. Ответ Викторины – содержание, являющееся вариантом ответа на Вопрос Викторины, предложенное на выбор Абоненту, в нескольких вариантах, в процессе звонка на короткие номера 303 и 0303. Один из предложенных Абоненту вариантов ответа зарегистрирован как правильный. После выбора любого из предложенных вариантов ответа, абонент будет информирован о том, что выбрал правильный или же неправильный вариант ответа в процессе участия в Викторине.

2.9. Победитель Викторины – Участник Викторины, осуществляющий действия в точном соответствии и последовательности с установленными в данном Регламенте условиями, набравший наибольшее количество баллов за сутки или розыгрышный месяц проведения Викторины.

2.10. Календарный период — календарный месяц.

2.11. Суточный лимит — Ограничение, выставленное Провайдером на общую ежедневную длительность звонков на короткие номера для каждого участника Викторины составляет:

• Короткий номер 303 – 120 минут/день;

• Короткий номер 0303 – ограничений нет.

Статья 3 – ПОРЯДОК ПРОВЕДЕНИЯ ВИКТОРИНЫ

3.1. Для участия в Викторине Абонент должен активировать подписку на услугу Викторина «Меломания». Активация подписки может быть осуществлена, при звонке на один из коротких номеров 303 или 0303, следуя инструкциям автоинформатора, или посредством отправки USSD-кода активации *303#.

3.2. Стоимость подписки на услугу Викторина составляет 0.80 сомони с учетом НДС в день.

3.3. Для отключения подписки на услугу Викторина и отказа от участия в Викторине необходимо позвонить на сервисный номер Викторины 303, выбрать в голосовом меню пункт «Управление подпиской» и отключить подписку, или отправить USSD-код деактивации *303*0#.

3.4. Викторина включает два турнира − стандартный и бонусный, которые проводятся на номерах Викторины: 303 и 0303 соответственно. Участник, оформивший подписку на услугу Викторина, может принимать участие в любом из турниров по своему усмотрению. Абонентам без подписки на услугу доступ к участию в стандартном и бонусном турнирах не предоставляется.

3.5. Позвонив на номер стандартного турнира Викторины 303 после активации подписки на услугу Викторина, абонент прослушивает фрагменты мелодий. Задача абонента – руководствуясь собственными знаниями указать исполнителя, нажав определённую клавишу на телефоне с правильным вариантом ответа. Стоимость звонка на номер Викторины 303 – 0,00 сомони. За правильный ответ Участник получает 5 баллов. Алгоритм начисления баллов является единым для всех Участников.

3.6. Позвонив на номер бонусного турнира Викторины 0303 после активации подписки на услугу Викторина, абонент прослушивает фрагменты мелодий. Задача абонента – руководствуясь собственными знаниями указать наименование мелодии, нажав определённую клавишу на телефоне с правильным вариантом ответа. Стоимость звонка на номер Викторины 0303 – 3,00 сомони за одну минуту. За правильный ответ Участник получает 50 баллов. Алгоритм начисления баллов является единым для всех Участников.

Статья 4 – ОПРЕДЕЛЕНИЕ ПОБЕДИТЕЛЯ И ВЫДАЧА ПРИЗОВ

4.1. При определении победителей Викторины используются объективные данные, хранящиеся на платформе Провайдера о количестве баллов, набранных участниками за правильные ответы Викторины. Принцип случайного определения победителей в Викторине не используется.

4.2. Победителями Викторины признаются Участники, набравшие наибольшее количество баллов в ходе Викторины за определенный период времени и у которых на момент подсчёта баллов и выявления победителя, имеется активная подписка на услугу Викторина. Если несколько абонентов набрали одинаковое количество баллов, победителем становится абонент, набравший баллы за меньшее время (учитывается время, затраченное от первого ответа абонента до последнего). При отключении подписки на услугу Викторина, все баллы автоматически аннулируются.

4.3. Определение Победителя текущего дня Викторины производится ежедневно в период проведения Викторины по состоянию на 23:59:59. Ежедневный приз не разыгрывается каждый последний день месяца с даты запуска Викторины. Победителем текущего дня признается Участник, набравший наибольшее количество баллов и у которого на момент подсчёта баллов, имеется активная подписка на услугу Викторина в день определения Победителя на 23:59:59. Победитель текущего дня получает приз 100 (сто) сомони на баланс мобильного телефона с которого проводилось участие в викторине.

4.4. Определение Победителя месяца Викторины производится по итогам каждого последнего календарного дня месяца с даты запуска Викторины по состоянию на 23:59:59. Победителем признается Участник, набравший наибольшее количество баллов по итогам календарного периода и на момент подсчёта баллов имеется активная подписка на услугу Викторина в день определения Победителя на 23:59:59. Победитель месяца получает приз: смартфон (Производитель и модель приза устанавливается заранее, в начале каждого нового этапа).
Апрель 2019 – приз месяца Samsung Galaxy S9

4.5. В период проведения Викторины Участник может быть признан Победителем Викторины и выиграть:

• Ежедневный приз – не более 3 раз в течении 30 дней.

• Ежемесячный приз – не более 1 раза в течении 90 дней.

4.6. Денежные ежедневные призы (100 сомони) перечисляются на мобильный счёт Участников, на номера SIM-карт, с которых Участники активировали подписку на участие в Викторине в течении 5 дней с момента выявления победителя.

4.7. Приз месяца вручается в течение 30 календарных дней, следующих за календарным месяцем, в котором состоялся выигрыш. Вручение осуществляется при условии предоставления Победителем удостоверения личности, SIM-карты с SMS подтверждением о выигрыше. Выплата ежемесячного приза в денежном эквиваленте не производится. На территорию иностранных государств приз не доставляется.

Статья 5 – ОГРАНИЧЕНИЯ

5.1. В Викторине не могут участвовать работники и представители Провайдера, Оператора и компаний, которые оказывают техническое содействие в проведении Викторины, а также членам семей таких работников и представителей компаний.

5.2. При участии в Викторине Участникам запрещается использовать:

• Любое оборудование, кроме абонентского устройства с SIM-картой Организатора, являющегося мобильным телефоном (далее по тексту – «Мобильный телефон»);

• Любые программные средства, в том числе установленные на Мобильный телефон, кроме программных средств, разработанных Провайдером;

• Разработанные Провайдером программные средства, предназначенные для участия в Викторине, преобразованные любым способом, в том числе посредством вмешательства в программный код;

• Любые иные способы и средства автоматизации процесса участия в Викторине, которые определяются по данным технической системы, используемой Провайдером для документирования Викторины (логов). Данные технической системы признаются окончательными и не подлежат оспариванию со стороны Участника. Признаками автоматизации участия в Викторине являются выявленные закономерности в периодичности ответов, отправка ответа на вопрос менее чем за 5 (пять) секунд и иные признаки.

5.3. Участники, не соответствующие вышеуказанным требованиям, не имеют права на участие в Викторине и права на получение призов.

Статья 6 – ОГРАНИЧЕНИЕ ОТВЕТСТВЕННОСТИ ОПЕРАТОРА ТЕЛЕФОННОЙ СВЯЗИ

6.1. Оператор сотовой связи не является организатором Викторины и не несёт ответственности за действия Провайдера, а также за любые последствия этих действий, прямо или косвенно касающихся третьих лиц.

6.2. Позвонив на короткий номер 303 или 0303, Участник уполномочивает Оператора и подтверждает своё согласие на предоставление Оператором Провайдеру личной информации Участника, а именно: номер телефона, с которого был осуществлён Звонок, а также дату и время его проведения.

6.3. Участие в рамках Викторины является добровольным действием абонента. Участник берёт на себя ответственность за любые последствия своего участия в Викторине.

6.4. Все вопросы и претензии в связи с проведением Викторины, направляются Оператором Провайдеру.

6.5. Оператор предоставляет возможность осуществления голосовых Звонков исключительно в рамках зоны покрытия сети Оператора.

6.6. Участием в Викторине, Участник подтверждает принятие условий ограничения ответственности Оператора.